Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама бо нируҳои Амрикову Филипин мулоқот кард


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар поёни силсилабоздидҳои худ аз 4 кишвари Осиё ба нишонаи ҳимояти Амрико аз кишварҳои ҳампаймони худ дар Осиё бо нируҳои Амрико ва Филипин мулоқот кард.

Вай дар Қалъаи Бонифачо дар наздикии Манила ба сарбозон гуфт, «таҳкими паймони мо бахше аз дурнамои васеъ барои кишварҳои соҳили уқёнуси Ором аст».

28 апрел Вашингтон ва Манила қарордоди нави дифоӣ имзо карданд. Ин қарордод дастикам барои 10 соли оянда ба нируҳои Амрико имкон медиҳад, то ба пойгоҳҳои нируҳои Филипин дастрасии бештар дошта бошанд».

Обама гуфт, ки ин қарордод бар зидди Чин нест ва Чинро ҳам дар назар надорад. Вай дар давоми силсилабоздидҳо аз Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Малайзия гуфт, ки кишварҳои хурд набояд аз тарафи кишварҳои бузург истисмор шаванд. Вай бо ин гуфтаҳо Чинро дар назар дошт.
XS
SM
MD
LG