Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат: Вазъи 16 тоҷик дар Челябинск хуб шудааст


Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз қавли консулаш дар Екатеринбург Парвиз Асоев ба Озодӣ хабар дод, ки вазъи 16 муҳоҷири тоҷики заҳролудшуда дар Челябинск хуб шудааст. Сухангӯи сафорат Муҳаммади Эгамзод гуфт, як намояндаи консулгарӣ барио кумак ба ин муҳоҷирон дар Челябинск қарор дорад ва "бояд бачаҳои моро ҳамин рӯз аз бемористони рақами 3 ҷавоб диҳанд."
Расонаҳои маҳаллӣ қаблан хабар доданд, ки 16 шаҳрванди Тоҷикистон бо аломатҳои заҳролудшавӣ аз шоми 26 апрел дар шӯъбаи токсикологияи бемористони вилояти Челябинсик Русия бистарӣ шудаанд. Ин 16 муҳоҷири тоҷик дар корхонаи маҳсулоти оҳану бетон - ЖБИ-1 - кор мекардаанд. Наталя Горлова, мудири идораи тандурустии Челябинск гуфтааст, то ҳол сабабҳои заҳролуд шудани мардикорони тоҷик ташхис нашудааст, аммо зоҳиран онҳо аз ягон заҳре ки бо роҳҳои нафаскашӣ дохили бадани инсон мешавад, заҳролуд шудаан. Ба гуфтаи ӯ, 13 тан аз ин шаҳрвандони тоҷикро ба зудӣ аз бемористон рухсат хоҳанд дод ва танҳо 3 нафар таҳти табобат боқӣ хоҳанд монд. Хонум Горлова мизони заҳролудшавии ин 16 тоҷикро сабук ва миёна хондааст.
XS
SM
MD
LG