Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико алайҳи Русия таҳримоти нав эъмол кард


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар зидди Игор Сечин, яке аз атрофиёни наздики Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва шаш мақоми баландпояву 17 ширкати русӣ таҳрим эъмол кард. Бар асоси ин таҳримҳо, ҳисоби ин афроду ширкатҳо баста мешавад ва онҳоро аз ҳаққи сафар ба Амрико маҳрум мекунанд. Ба гуфтаи Кохи Сафед, таҳримот посухе ба нақши “бебаҳси” ҳукумати Русия дар хушунатҳои ахир дар Украина аст. Игор Сечин, раиси ширкати давлатии Роснефтро баъд аз раиси ҷумҳур Путин дуввумин фарди бонуфузи Русия медонанд. Таҳримоти нав бар зидди Русияро ҳукумати Амрико рӯзи 28 апрел эълон кард ва ин таҳримот посух ба амалкарди Русия аст, ки нимҷазираи Қрими Украинаро ба қаламрави худ ҳамроҳ кард.
Аз ин пеш Амрикову Иттиҳодияи Аврупо ду маротиба зидди Русия таҳрим эъмол карданд. Ҳарчанд вакилони мардумии Иёлоти Муттаҳида хоста буданд, ки алайҳи Газпром бузургтарин ширкати истихроҷ ва фурӯши газ дар ҷаҳон ҳам таҳрим эъмол шавад, аммо ҳукумати Амрико ин корро накардааст.
XS
SM
MD
LG