Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Башор Асад дар интихобот ширкат мекунад


Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, худро барои ширкат дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ сабти ном кардааст. Дар ин бора Муҳаммад ал Лаҳҳам, раиси порлумони Сурия, рӯзи 28-уми апрел хабар дод. Интихобот дар ҳоле сурат мегирад, ҷанги дохилӣ дар Сурия идома дорад. Баъди оғози қиёмҳои мардумӣ дар Сурия дар моҳи марти соли 2011 ва ба ҷанг печидани он то кунун дар ин кишвар 150 ҳазор нафар кушта шудаанд. Ҳукумати Сурия ҳам назорати қаламравҳои васеъро аз даст дод. Мӯҳлати раёсати ҷумҳурии Башор Асад рӯзи 17 июл ба поён мерасад ва интизор меравад, ки ӯ дар интихобот бар рақибони дигараш пирӯз шавад. То ҳоло шаш нафар шахсиятҳои начандон шинохта дар Сурия худро барои ширкат дар интихобот сабти ном кардаанд.
XS
SM
MD
LG