Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ шоҳиди ҳамлаву хунрезӣ шуд


Дар силсилаи ҳамлаҳо дар остонаи интихоботи порлумонии Ироқ дасти кам 20 нафар кушта шуданд. Рӯзи 28-уми апрел бо шурӯъи раъйдиҳии пешакӣ аз сӯи сарбозон ва маъмурони пулиси Ироқ, бо вуҷуди тақвияти чораҳои амниятӣ, ба тундравон муяссар шуд, ба чанде аз нуктаҳои интихоботӣ ҳамла кунанд. Аз ҷумла дар шаҳри Туз Хурмату воқеъ дар 200 километрии шимоли Бағдод, як бомбгузори маргталаб, худро дар назди посгоҳи назди ҳавзаи интихоботӣ тарконд ва шаш маъмури амниятиро кушт. Дар шаҳри Киркук ҳам дар айни ҳодиса шаш афсари пулис ҷон бохтаанд. Шаҳрҳои Бағдод ва Мосул ҳам шоҳиди ҳамлаву хунрезӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG