Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирослав Ниёзов: "Баҳси марзӣ бояд пурра ҳал шавад"


Мирослав Ниёзов, собиқ дабири Шӯрои амнияти миллии Қирғизистон, ба зудӣ сафири ин кишвар дар Тоҷикистон таъин хоҳад шуд. Дар ин бора худи ҷаноби Ниёзов рӯзи душанбе, 28 апрел, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ хабар дод.

Сиёсатмадори қирғиз гуфт, ки қарор аст, моҳи оянда эътиборнома дар бораи сафири фавқулоддаи Қирғизистон дар Тоҷикистон таъин шуданашро ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супорад.

Ӯ афзуд, ки аз ҳукумат пешниҳоди сафирӣ дар Покистон ҳам гирифта буд, аммо кор дар Тоҷикистонро афзалтар донист: «Ман аз ин пеш, аз соли 2001 то 2005 ҳам сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон будам ва он ҷо дӯстони зиёд дорам ва мутмаинам, ки ба ҳалли муҳимтарин мушкили феълӣ дар робитаҳои миёни ду кишвар – муқаррарсозиву аломатгузории марз миёни ду кишвар муваффақ хоҳем шуд».

Мирослав Ниёзов гуфт, ки ӯ воқеъан аз муноқишаҳои марзӣ миёни ду кишвар сахт нигарон аст ва тамоми талошашро барои он равона хоҳад кард, ки ин баҳсҳо комилан аз байн бурда шаванд ва дар робитаҳои миёни Тоҷикистону Қирғизистон марҳалаи нави ҳамкориҳо оғоз ёбанд.

Зӯҳри 11-уми январ муноқишаи байни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар марзи байни рустоҳои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва Оқсойи вилояти Бодканд ба тирпарронӣ печид. Дар натиҷа 2 сарбози тоҷик, 5 марзбони қирғиз ва як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд. Қирғизистон ба дунбол эълон кард, ки марзаш бо Тоҷикистонро то анҷоми таҳқиқи қазияи ахир мебандад.

Танҳо баъд аз гуфтугӯи беш аз ду моҳаи ҳайатҳои музокиракунандаи ду кишвар, дар авоили моҳи ҷорӣ Қирғизистон марзҳояшро ба рӯи Тоҷикистон боз кард.

Марзбандӣ ба тиҷорати байни ду кишвар таъсири зиёди манфӣ расонд ва бино ба омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, тиҷорати миёни ду кишвар дар моҳи январи соли равон ҳамагӣ 1 миллион долларро ташкил дод, ки назар ба 11 миллиони январи соли 2012 дуруст 11 маротиба камтар аст.

То имрӯз аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 504 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1924, соли таъсиси Тоҷикистону Қирғизистон, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ягон километр пеш нарафтаанд.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ки Қирғизистон ба тақрибан 2,5 ҳазор гектар замин дар дохили қаламрави Тоҷикистон даъво дорад. Тоҷикистон ба навбати худ иддао дорад, ки дар натиҷаи иҷорадиҳии заминҳои кишту чарогоҳ, ки байни ҷумҳуриҳои “дӯст ва бародар”-и Шӯравӣ як амри роиҷ буд, имрӯз дастикам 143 000 гектар заминаш дар Қирғизистон мондааст.
XS
SM
MD
LG