Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримоти нав алайҳи Русия имрӯз эълон мешавад


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, таҳримоти нав алайҳи Русия барои беамалиаш дар фурӯ нишондани бӯҳрон дар Украина рӯзи 28-уми апрел эълон мешавад. Ҳангоми сафараш дар Филиппин, Барак Обама гуфт, таҳримот баъзе аз афроди алоҳида, ширкатҳо ва аз ҷумла содироти технологияҳои нав ба Русияро фаро мегирад. Ба гуфтаи Барак Обама, Русия роҳе барои ҳалли сулҳомези бӯҳрон дар Украинаро дорад, вале то кунун аз ин роҳ ҳаракат накардааст. Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 28-уми апрел гуфт, эъмоли таҳримоти нав алайҳи Русия нишондиҳандаи талошҳои муштарак барои тағйир додани рафтори Маскав, аммо гуфт, мутмаин нест, ки ин ин таҳримот натиҷа медиҳанд. Барак Обама афзуд, дар сурати идомаи таҷовузи Русия ба Украина, мумкин аст, алайҳи бонкҳо ва бахши низомии Русия таҳрим эъмол шавад. Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико мегӯянд, Русия ба аҳдҳои додааш дар шаҳри Женева вафо накардааст ва барои фурӯ нишондани бӯҳрон дар Украина амал намекунад. Намояндагони Иттиҳодияи Аврупо ҳам имрӯз таҳримоти нав алайҳи Русияро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG