Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Миср 683 нафарро ба қатл маҳкум кард


Додгоҳи Миср рӯзи 28-уми апрел 683 исломгаро, аз ҷумла Муҳаммад Бадеъ, яке аз раҳбарони созмони Ихвонулмуслиминро ба қатл маҳкум кардааст. Дар ҳамин додгоҳ ҳамчунин аз миёни 529 нафар, ки пештар ба қатл маҳкум шуда буданд, ҳукми 492 нафарро тағйир дода ва онҳоро ба зиндони якумрӣ маҳкум кардааст. Бар асоси ҳукми рӯзи 28-уми апрел ҳамаи он афродро ба қатл ва ё сӯиқасд ба ҷони афсарони пулис дар вилояти Минё дар моҳи августи соли 2013 гунаҳкор донистанд. Дар ҳамин рӯз дар тазоҳуроти тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср, маъмурони пулис ҳам садҳо нафар тазоургаронро куштанд. Баъди аз мақомаш барканор кардани Муҳаммад Мурсӣ дар моҳи июл, дар тазоҳуроту муноқишаҳо дар ин Миср садҳо нафар кушта шуданд. Моҳи декабр ҳукумати дастнишондаи артиши Миср, созмони Ихвонулмуслимин як гурӯҳи умдаи сиёсии ин кишварро, созмони террористӣ эълон кард.
XS
SM
MD
LG