Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раёсати пулиси як шаҳри Украинаро гирифтанд


Бино ба гузориши як телевизиони Украина, гурӯҳи аз афроди мусаллаҳ рӯзи 28-уми апрел раёсати пулиси шаҳри Константинивка дар вилояти Донетскро ишғол кардаанд. Ба гуфтаи Шабакаи телевизионии хабар, ин афрод баъди ишғоли идораи пулис, монеъи вуруди кормандони пулис ба ҷойи корашон шудаанд. Бино ба гузоришҳои таъйидношуда, гурӯҳи дигар аз афроди мусаллаҳ маркази шаҳри мазкурро, ки дар 60 километрии шаҳри Донетск воқеъ аст, ишғол кардаанд. Шаҳри Константинивка 100 ҳазор аҳолӣ дорад. Ҷудоихони тарафдори Русия то кунун қароргоҳҳои давлатӣ дар чандин шаҳри шарқии Украинаро ишғол кардаанд.
XS
SM
MD
LG