Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Пайк»-ро иҷозат доданд, ки фаъолият кунад


Ягона нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон, ки бо амри додситонии вилояти Хатлон дар ҳафтаи гузашта фаъолияти он қатъ карда шуда буд, дубора фаъол шуд ва иҷозатномаи фаъолияти он барои се сол тамдид карда шуд. Аҳмад Иброҳим, сардабири нашрияи мустақили «Пайк» рӯзи 28-уми апрел бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки пас муроҷиат ба додситони кулл Шерхон Салимзода дар мавриди аз тарафи додситони вилояти Хатлон ғайриқонунӣ бастани шудани нашрия, ҳолати қатъ шудани он баррасӣ шуд ва рӯшан гашт, ки барои чанд моҳ фаъолият надоштан, рӯзнома баста нахоҳад шуд. Вай афзуд, ки тибқи қонуни матуботи Тоҷикистон, барои чанд моҳ фаъолият накардан ҷарима пардохта хоҳад шуд ва мӯҳлати дигар барои чопи он дода хоҳад шуд. Аҳмад Иброҳим афзуд, ки онҳо ҷаримаеро, ки 400 сомонӣ муқаррар шудааст, супоридаанд ва вазорати фарҳанг ба онҳо иҷозаи фаъолият додааст. «Пайк» ягона нашрияи мустақил дар бузургтарин вилояти Тоҷикистон, дар моҳи июли соли гузашта ба фаъолият оғоз карда буд. Дар ин вилоят ҳамагӣ ду телевизонии мустақил, яке дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва дигаре дар ноҳия Восеъ ба таври маҳдуд барнома пахш мекунанд, ки ин наметавонад халои иттилоотиро пур кунад. Қаблан низ ду нашрияи мустақил дар ин вилоят бо сабабҳои гуногун аз чоп бозмонда буданд.
XS
SM
MD
LG