Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар суқути чархбол бритониёиҳо кушта шудаанд


Вазорати дифои Британия мегӯяд, ҳамаи панҷ нафар низомиёни НАТО, ки ҳангоми суқути чархбол дар вилояти Қандаҳори Афғонистон кушта шуданд, сарбозони Британия будаанд.

Ричард Фелтон-фармондеҳи бахши муштараки чархболҳои нируҳои НАТО гуфт, 26 апрел ин чархбол ба таври фоҷеавӣ суқут кардааст. Зиё Дурронӣ-сухангӯи пулиси вилояти Қандаҳор гуфт, ин чархбол дар вулусволии Тахтапул дар 50 километрии марз бо Покистон ба замин афтодааст.

Яке аз сухангӯёни Толибон дар паёми хаттӣ ба рӯзноманигорон хабар додааст, ки ин чархболро нируҳои онҳо задаанд. Аммо нируҳои АЙСАФ мегӯянд, ки ба сабабҳои суқути чархбол расидагӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG