Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муносиботи Амрикову Русия барои Украина ташдид меёбад


Байни Вашингтон ва Маскав танишҳо шиддат меёбад, чун дар шарқи Украина ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия нозирони байналмиллалиро гаравгон гирифтаанд. Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров-вазирони корҳои хориҷаи Амрико ва Русия 26 апрел телефонӣ бо ҳам гуфтугӯ карданд, вале натавонистанд дар ҳали масъала ба тавофуқ бирасанд.

Ҷон Керрӣ аз Маскав хост, ки аз талошҳо барои раҳоии нозирони Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ҳимоят кунад, вале Лавров хост, ки Вашингтон бо истифода аз нуфузи худ дар раҳоии раҳбарони гурӯҳҳои ҷудоихоҳи ҷонибдори Русия, ки дар Кеив боздошт шуда буданд, кӯмак расонад.

Ҳамзамон 7 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон ё Ҷӣ-7 эълон карданд, ки роҷеъ ба таҳримҳои бештар бар зидди Русия ба тавофуқ расидаанд. Таҳримҳои зидди Русия барои ноором кардани вазъ дар Украина ташдид меёбад.

Аммо Русия инкор мекунад, ки дар таҳрик додани маъракаи ҷудоихоҳон нақш надорад. Ҷудоихоҳон дар шарқи Украина биноҳои ҳукуматиро ба тасарруфи худ даровардаанд.
XS
SM
MD
LG