Бино ба хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, дар натиҷаи бориши боронҳои шадид ва ҷорӣ шудани селоб 5 нафар аз ҷумла се кӯдак ҷон додаанд. Дар ноҳияи Рӯдакӣ се нафар ва дар ноҳияи Турсунзода ду ҷавон қурбони селоб шудаанд.
Дар натиҷаи ҷорӣ шудани селоб манзилҳои зисти сокинон, мазореи кишоварзӣ ва даҳҳо километр роҳҳои байни деҳот хароб шудаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, то ҳол мизони харобиҳо ҳисоб нашудааст ва он рӯзи душанбе маълумот дар ин бора нашр хоҳад шуд.
Аз аввали моҳи апрел то ҳол дар натиҷаи бориши боронҳои шадид селобҳо дар баъзе деҳот даҳҳо хонаро хароб кардаанд ва 23 нафар сокинон қурбони селоб шудаанд.