Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 низомии НАТО дар Афғонистон кушта шуданд


Дар ҷануби Афғонистон ҳангоми суқути чархбол 5 нафар низомиёни нируҳои НАТО кушта шудаанд. Дар эъломияи мунташира омадааст, ки ба сабабҳои ин ҳодиса расидагӣ мешавад. Маълум нест, ки низомиёни кушташуда шаҳрвандони кадом кишварҳоанд.

Суқути чархбол дар ҳоле рух медиҳад, ки нируҳои НАТО барои хуруҷ аз Афғонистон омодагӣ мегиранд. Охирин сарбози хориҷӣ бояд то поёни соли 2014 Афғонистонро тарк кунад.

Аз сӯи дигар нируҳои миллии Афғонистон масъулияти таъмини амният дар саросари кишварро бар дӯш гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG