Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як қурбонии боронҳои шадид дар ноҳияи Рӯдакӣ


Нозим Орифов-сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон 26-уми апрел дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, соати 14:30 дақиқаи рӯзи 25-уми апрел дар ҳудуди деҳаи Робиа Балхии ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ борони шадид борида, резиши сеобҳои шадид дар пай доштааст.

ар натиҷа ду нафар сокинони ин деҳа Бобоҷон Тағойбеков соли таваллудаш 2005, Эшонкулов Бадриддин мутаваллиди соли 2002, ки дар талу теппаҳо машғули бозӣ будаанд зери сел мондаанд. Дар натиҷаи талошҳои мардуми ин деҳа ин ду наврас аз зери сел берун оварда шудаанд. Онҳоро ба бемористони марказии ноҳияи Рудакӣ интиқол додаанд.

Ба гуфтаи сухангуи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Бобоҷон Тағойбекови 9 сола аз дар бемористон соати 15:45 дақиқаи ҳамон рӯз ҷон додааст. Ба таъкиди Орифов селоб ба манозили сокинони ин деҳа осеб нарасондааст.
XS
SM
MD
LG