Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон се нафар ба дор кашида шуданд


ИРНО-хабаргузории давлатии Эрон гузориш додааст, ки се мард барои куштори як додситон дар минтақаи марзӣ бо Покистон эъдом шудаанд.

Бино ба хабари ин манбаъ, Умед Пирӣ, Алиризо Даҳмарда ва Имон Галавӣ 26 апрел дар чашми сокинони шаҳраки Зобули устони Систон-Балуҷистони Эрон ва дар шоҳидии хонаводаи додситони кушташуда ба дор кашида шуданд.

ИРНО мегӯяд, ин се нафар дар маҳале ба дор кашида шуданд, ки моҳи иноябри соли гузашта додситон Мусо Нурӣ бо ронандаи худ ҳадафи тир қарор гирифта буданд.

Нурӣ яке аз додситонҳои сахтгире буд, ки бар зидди маводи мухаддир мубориза мекард.
XS
SM
MD
LG