Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониёни селоб дар Афғонистон аз 100 нафар гузашт


25 апрел, вилояти Ҷузҷон
25 апрел, вилояти Ҷузҷон
Гузоришҳои расида аз Афғонистон ҳокист, ки дар натиҷаи боронҳои шадиди дурӯза дар шимол ва шимоли ғарби ин кишвар бештар аз 100 нафар ҷон бохтаанд ва ҳазорон нафари дигар маҳаллоти зисти худро тарк кардаанд. Фақир Муҳаммад Ҷузҷонӣ-раиси пулиси вилояти Ҷузҷон гуфт, ки то шоми 25 апрел дар саросари вилоят ҷасади 55 нафар қурбониёни ин фоҷеаро пайдо кардаанд.

16 нафари онҳо дар маркази вилоят дар шаҳри Шибирғон қурбонии селоб шудаанд. Селоб деҳоти вулусволиҳои Қуштеппа, Дарзоб ва Хоҷа Ду Кӯҳро зер кардааст ва даҳҳо нафари дигар бедарак шудаанд. Ҷузҷонӣ мегӯяд, интизор меравад, ки шумораи ҷонбохтагони селоб дар рӯзҳои оянда афзоиш ёбад.

Вай мегӯяд, чархболҳо 1500 нафарро аз соҳаи хатар ба маҳаллоти амни атроф кӯч дордаанд. 25 апрел мақомоти маҳаллӣ гузориш доданд, ки дар вилояти Форёб 33 нафар, дар вилояти Ҳирот 6 нафар ва дар вилоятҳои Бодғису Сари Пул 13 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG