Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӣ-7 таҳримҳои зидди Русияро шадидтар мекунад


Раҳбарони ҳафт кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон ё Ҷӣ-7 ба тавофуқ расиданд, ки бар зидди Русия таҳримҳои бештар эълон кунанд, агар Русия аз тавофуқоти Женев ҳимоят накунад. Ин тавофуқот ба коҳиши бӯҳрон дар Украина иртибот дорад.

26 апрел дар ин бора Ҷӣ-7 эъломияе пахш намуд. Дар он гуфта мешавад, ки барои таъмини интихоботи озоду демократии раёсати ҷумҳурӣ дар Украина дар моҳи оянда Ҷӣ-7 муваззаф шудааст, ки ба таври фаврӣ таҳримҳоро шадидтар кунад.

Ин эъломия замоне пахш шуд, ки матбуот аз қавли мақомоти расмии Амрико гузорише дар бораи таҳримҳои нав мунташир сохт. Дар матбуот дар ин бора аз номи як мақоми амрикоӣ, ки аз вай ном набурдаанд гуфта мешавад, ки Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ин таҳримҳоро бар зидди мақомоти расмии Русия 28 апрел эълон хоҳанд шуд.

Ангела Меркел-нахуствазири Олмон ҳафтаи оянда ба Вашингтон сафар мекунад, то дар мулоқот бо Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико маъалаи посухи муштарак ба рафтори Русия бар зидди Украинаро баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG