Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фюле: Русия нерӯҳояшро аз марзи Украина канор кашад


Штефан Фюле (аз чап) ва Арсений Ятсенюк
Штефан Фюле (аз чап) ва Арсений Ятсенюк
Штефан Фюле, раиси идораи Иттиҳодияи Аврупо дар умури густариш, рӯзи ҷумъа, 25 апрел, аз Русия хост, ки нерӯҳояшро аз марзҳои Украина канор бикашад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Итиҳодияи Аврупо ба Маскав паёми возеҳ дод, ки агар аз ин баъд низ барои афзоиши ноамнӣ дар Украина талош кунад, Брюссел алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ хоҳад кард.

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, низ рӯзи ҷумъа гуфт, ки ӯ дар соатҳои наздик бо раҳбарони кишварҳои пешрафтаи Аврупо мавзӯи эъмоли таҳримҳои шадидтар алайҳи Русияро баррасӣ мекунад.

Рӯзи ҷумъа кафили вазорати дифои Украина Михайло Ковал гуфт, ки тамринҳои низомии Русия ҳамагӣ як километр дуртар аз марзи Украина мегузаранд. Ӯ афзуд, ки нерӯҳои низомии Украина барои дифои кишвар аз ҳама гуна таҷовуз омодаанд.

Русия барои мустақарсозии тақрибан 40 ҳазор низомӣ дар марзҳо бо Украина ва пуштибонӣ аз ҷудоихоҳоне, ки дар манотиқи шарқии кишвар биноҳои маъмуриро ишғол мекунанд, мавриди интиқоди ҷомеъаи байнулмилалӣ қарор дорад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи панҷшанбе, амалиёти зиддитеррор дар шарқи Украина, аз ҷумла, ҳамла ба постгоҳҳои ҷудоихоҳон дар шаҳри Славянскро чун “ҷинояти мақомот алайҳи мардум” арзёбӣ кард ва гуфт, ки он барои Киев ва робитаҳои байнидавлатӣ “паёмадҳои номатлуб” хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG