Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обхезиву ярч дар Афғонистон даҳҳо нафарро кушт


Дар шимолу ғарби Афғонистон бар асари ярчу обхезӣ ва борони шадид беш аз 80 нафар ба ҳалокат расида, садҳо каси дигар беному нишон шудаанд. Офати табиӣ дар вилоятҳои Ҷузҷон, Форёб, Сарипул ва Бодғис рӯй додааст. Гуфта мешавад, ки ҳазорон манзил ва хатҳои интиқоли барқ тахриб шудаанд.

Мақомоти вилояти Ҷузҷон рӯзи ҷумъа, 25 апрел, гуфтанд, ки дар ин офати табиӣ дасти кам 43 нафар, аз ҷумла, 16 сокини маркази вилоят Шибирғон ҷон бохтаанд.

Муовини волии Ҷузҷон Абдул Раҳмон Маҳмудӣ хабар дод, ки дар минтақаи Дарзоб нӯҳ русто хароб шудааст. Ба гуфтаи ӯ, обхезии ахир – мудҳиштарин дар ин минтақа дар 30 соли ахир аст.
XS
SM
MD
LG