Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи теннис барои Ҷоми пойтахт-90


Рӯзҳои 26-27-уми апрел дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушода оид ба теннис байни дӯстдорони ин намуди олимпии варзиш барои Ҷоми Пойтахт-90 баргузор мешавад.

Мусобиқаи имсола ба ҷашни 90-солагии пойтахти Тоҷикистон эълон шудани Душанбе бахшида шудааст. Ташкилкунандаи мусобиқа Корхонаи воҳиди давлатии “Қасри тенннис”-и шаҳри Душанбе мебошад.

Раҳбари ин корхона Тоҷиддин Тағоев рӯзи 25-уми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, “дар ин мусобиқа, ки ин дафъа байни мардон барпо мегардад, ҳудуди 50 нафар дӯстдорони теннис теннис - намояндагони корпуси диломатӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ҳамчунин, як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва соҳибкорон иштирок иштирок мекунанд. Маросими кушоиши мусобиқа 26-уми апрел дар Қасри тенниси Душанбе соати 11 баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯи як намуд – инфиродӣ сурат мегирад.”

Ба гуфтаи ҷаноби Тағоев, ғолиб ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро мегиранд, бо ҷому ифтихорномаҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Қасри теннис”-и Душанбе сарфароз мешаванд. Инчунин сарпарасти мусобиқа – Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Муҳаммад А” - барои ғолиб ва ҷойҳои дувуму севум, инчунин ширкаткунандагони фаъоли мусобиқа тӯҳфаҳо тақдим мекунад.
XS
SM
MD
LG