Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳо дар Қарочиву Пешовар боиси марги 11 нафар шуданд


Таркиш дар канори масҷиде дар шаҳри Қарочии Покистон мунҷар ба ҳалокати 4 нафар ва ҷароҳат бардоштани дасти кам 30 нафари дигар гардид.

Шарҷил Мемон, вазири иттилооти ҳукумати вилояти Синд ба хабаргузориҳо гуфт, таркиш рӯзи 25 апрел дар ҳоле рӯй дод, ки мардум баъд аз намози ҷумъа масҷидро тарк мегуфтанд. Ба иттилои полис, маводи тарканда дар як мотосикли канори масҷид ҷойгузорӣ шуда буд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.

Аз ин пеш бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳи ношинос дар шимолу ғарби Покистон рӯзи ҷумъа ҳафт узви як хонавода кушта шуданд. Масъулини полис ба Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, гуфтанд, ки ҳодиса дар минтақаи Свабӣ, воқеъ дар шимоли шаҳри Пешовар, рӯй додааст ва дар он ду бародару як хоҳар, писараки 9-сола ва се бародарзода ҷон бохтаанд. Панҷ узви дигари хонавода ҷароҳат бардошта, айни ҳол таҳти назорати табибон дар бемористон қарор доранд.

Раиси ҳукумати вилояти Хайбар-Пахтунхва хостори таҳқиқи ҳодиса шуд. Масъулияти ин ҳамларо низ касе бар ӯҳда нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG