Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими дафни соҳибкори тоҷик Шӯҳрат Яхшимуродов


Ҷасади соҳибкори тоҷик Шӯҳрат Яхшимуродов, ки рӯзи сешанбе, 22-уми апрел дар Маскав кушта шуда буд, имрӯз дар қабристони «Сариосиё»-и Душанбе ба хок супурданд. Сафар Гулбоев, яке аз наздикони Шӯҳрат Яхшимуродов рӯзи 25-уми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи имрӯз ҷасади Шӯҳрат аз Маскав оварда шуда ва дар ҳамин рӯз дафн гардид. Тавре наздикони Яхшимуродов ба “Озодӣ” хабар доданд, шоми 22-уми апрел соҳибкори тоҷик дар наздикии манзили зисташ аз тарафи шахсони номаълум паронда мешавад, аммо мақомот ҳанӯз омили куштори ӯро муайян накардаанд. Гуфта мешавад Яхшимуродов соли 1995 дар қатли ду нафар ашхоси бонуфузи чечентабор дар шаҳри Маскав муттаҳам дониста шуд, ки он замон далели боздошти ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ маънидод карда буданд. Яхшимуродов соли 1995 бо Созмони авфи байналмилал - Amnesty International ва Бунёди Оғохон ҳамкорӣ доштааст. Яхшимуродов дар чанд соли ахир роҳбари ширкати “Fair Play International” дар Полша будааст ва дар гузашта ба ҳайси муовини раиси корхонаи коркарду истихроҷи нафт ва металҳои ранга “Тоҷ-Ал” ҳам фаъолият доштааст. Шӯҳрат Яхшимуродов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов буд.
XS
SM
MD
LG