Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ятсенюк: Русия ҷанги сеюми ҷаҳонро доман задан мехоҳад


Нахуствазири Украина Арсений Ятсенюк Русияро дар он айбдор кард, ки бо аъмолаш дар Украина мехоҳад оташи ҷанги сеюми ҷаҳониро доман занад. Ӯ рӯзи ҷумъа, 25 апрел, дар нишасти кобинаи вазирон, ки аз тариқи телевизони давлатӣ ба таври мустақим пахш шуд, гуфт, Русия бо талоши ғасби Украина мехоҳад ҷангро оғоз кунад ва ин боиси низои нави мусаллаҳона дар Аврупо хоҳад шуд.

Изҳороти Ятсенюк дар ҳоле нашр шуд, ки ба гуфтаи кафили вазорати дифои Украина Михайло Ковал, тамринҳои низомии Русия ҳамагӣ як километр дуртар аз марзи Украина мегузаранд. Ӯ афзуд, ки нерӯҳои низомии Украина барои дифои кишвар аз ҳама гуна таҷовуз омодаанд.

Русия барои мустақарсозии тақрибан 40 ҳазор низомӣ дар марзҳо бо Украина ва пуштибонияш аз ҷудоихоҳоне, ки дар манотиқи шарқии кишвар биноҳои маъмуриро ишғол мекунанд, мавриди интиқоди ҷомеъаи байнулмилалӣ қарор дорад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи панҷшанбе, амалиёти зиддитеррор дар шарқи Украина, аз ҷумла, ҳамла ба постгоҳҳои ҷудоихоҳн дар шаҳри Славянскро чун “ҷинояти мақомот алайҳи мардум” арзёбӣ кард ва гуфт, ки он барои Киев ва робитаҳои байнидавлатӣ “паёмадҳои номатлуб” хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG