Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони тендер барои таъмири роҳи Сайрон-Қарамиқ


Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои сохтмони роҳи Сайрон-Қарамиқ, ки Тоҷикистонро аз роҳи ноҳияи Ғарм ва Ҷиргатол ба Қирғизистон мепайвандад, тендер эълон кард. Саид Каримов, раиси Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии вазорати нақлиёти Тоҷикистон имрӯз бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ин вазоратхона барои таъмири қабати дуввуми ин роҳ, ки беш аз 88 километрро дар бар мегирад, тендер эълон кардааст. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, дар ин тендер ширкатҳои роҳсозии ҳамаи кишварҳо ҳаққи ширкат доранд ва бояд бар асоси шароити озмун имкониятҳои худро пешниҳод кунанд. Маблағи тарҳи сохтмони роҳи мошингарди Сайрон –Қарамиқ аз тарафи Бонки Осиёи Рушд дар доираи барномаи «CAREC» сармоягузорӣ хоҳад шуд. Тавре вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, маблағи ин тарҳ 1 миллиону 900 ҳазор доллари амрикоро дар бар хоҳад гирифт. Дар соли 2011 роҳи мошингарди Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-Саритош, ки Тоҷикистону Қирғизистонро ба ҳам мепайванд, ифтитоҳ шуда буд, ки сохтмони ин роҳ ҳамагӣ 350 клометр тӯл дошта дар соли 2005 оғоз ёфта буд. Бонки Осиёии Рушд барои сохтмони ин роҳ 177 миллион доллар сармояи масраф кардааст.
XS
SM
MD
LG