Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби рӯзафзуни доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъор


Бонки милии Тоҷикистон бо пахши як гузориш аз афзоиши ками қурби доллар хабар медиҳад, аммо дар нуқтаҳои фурӯши асъори пойтахт баҳои доллар дар қиёс ба ду рӯзи ахир ба таври назаррас боло рафтаааст. Дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 25-уми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори кишвар қурби доллар каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна 1 доллар 5 сомониву 3 дирам ва харидаш 5 сомониву 5 дирамро дар бар мегирад. Ба иттилои Бонки миллӣ, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт қурби доллар ба 5 сомониву 4 дирам ва хариди он 5 сомониву 6 дирам аст. Аммо дар вилояти Суғд арзиши асъори хориҷӣ боз ҳам гаронтар шуда ба 5 сомониву 5 дирам ва 5 сомониву 7 дирам баробар шудааст. Дар вилояти Хатлон қурби 1 доллар ба 5 сомониву 4 дирам ва хариди он 5 сомониву 5 дирам баробар шудааст. Вале дар нуқтаи фурӯши асъори назди Фурӯшгоҳи марказии пойтахт 1 доллар ба 5 сомониву 7 дирам харида ва ба 5 сомониву 8 дирам фурӯхта мешавад. Агар Бонки миллии Тоҷикистон сабаби афзоиши қурби долларро як марҳилаи муваққатӣ арзёбӣ кунад, аммо иқтисоддонҳои кишвар сабаби инро ба таври назаррас кам шудани содироти моли Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ва ҳам гарон шудани моле, ки аз хориҷа ба Тоҷикистон ворид мешавад, бастагӣ медиҳанд. Оҷонсии омори Тоҷикистон дар гузориши ахири худ мегӯяд, ки содироти моли Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 28 дарсад коҳиш ёфтааст, ки дар солҳои пешин ин рақам ба мушоҳида намерасид.
XS
SM
MD
LG