Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Иштибоҳ»-и Нозим Меликов намоиш дода шуд


Акс аз саҳнаи намоишнома.
Акс аз саҳнаи намоишнома.
Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, намоишномаи «Иштибоҳ»-ро, ки тоза рӯи саҳна оварда шуд, нахустин бор ба намоиш гузошт. Намоишномаи «Иштибоҳ»-и коргародони театр Нозим Меликов, рӯзҳои 23-24-уми апрел дар Театри ҷавонон пешкаши тамошобинон карда шуд ва дар назар аст рӯзи 29-уми апрел бори дигар дар ин театр ба намоиш гузошта шавад.

Намоишномаи «Иштибоҳ» аз рӯи асари файласуф ва рӯзноманигори фаронсавӣ Албер Камю ба саҳна гузошта шудааст ва дар он ҳунармандони Театри ҷавонон нақшофаринӣ мекунанд. Ин намоишнома ҳамгироии динӣ ва фарҳангиро ифода мекунад. Дар нахустин рӯзҳои ба саҳна гузоштани ин намоишнома тамошобинони зиёде дар театр онро тамошо кардаанд.
XS
SM
MD
LG