Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо Толибро дар Покистон нобуд кардаанд


Мақомоти Покистон мегӯянд, дар ҳамлаҳои ҳавоии артиши кишвар ба паноҳгоҳҳои Толибон дар наздикии марз бо Афғонистон дасти кам 37 тан аз онҳо кушта шуданд. Дар ду моҳи ахир бори аввал аст, ки низомиёни Покистон ҷангҷӯёни Толибро ҳадаф мегиранд. Ҳамлаҳои ҳавоӣ рӯзи 24 апрел ва дар ноҳияи қабоилнишини Хайбар сурат гирифт, ки Толибон ва Лашкари Ҷангӣ дар онҷо фаъоланд. Ба гуфтаи артиши Покистон, ҳамлаҳо ба паноҳгоҳҳои ин тундравони исломӣ дар посух ба бомбгузориву ҳамлаҳои ахири онҳост, ки танҳо дар яке аз онҳо дар рӯзи 22 апрел дар Пешовар 7 нафар ҷон доданд.
XS
SM
MD
LG