Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси "Hyatt" бо андоз ба додгоҳи "Талко" ва "Русал" чӣ рабт дорад?


Бинои меҳмонхонаи "Hyatt Regency" дар Душанбе.

Ширкати «Созидание» Кумитаи андози Тоҷикистонро дар баҳсе сари қарзҳои меҳмонхонаи Hyаtt Regency Dushanbe, ба додгоҳ кашондааст.

Намояндагони додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе мегӯянд, ширкати «Созидание» ба қарори Кумитаи андози Тоҷикистон, ки меҳмонхонаи Hyаtt Regency Dushanbe-ро ба насупурдани 65 миллион сомонӣ андоз айбдор мекунад, мухолиф аст ва хоста аст, ин баҳс дар додгоҳ ҳал шавад. Нахустин мурофиаи додгоҳӣ нисбати ин қазия рӯзи 29-уми апрел таҳти раёсати додрас Фароғат Ахмедова доир хоҳад шуд.

Як масъули идораи санҷиши андозҳои Кумитаи андози Тоҷикистон, ки нахост, номаш зикр шавад, рӯзи 24-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки нозирони андоз дар ин меҳмонхона ҳудуди 65 миллион сомонӣ қарздорӣ аз андозро ошкор кардаанд. Масъулони худи меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe ва ширкати молики он дар Тоҷикистон «Созидание», аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ варзиданд. Аммо бо ин ҳол, ширкати «Созидание» зоҳиран аз санади тартибдодаи нозирони андоз ризо нест ва барои бекор кардани он ба додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе бо аризаи даъвогӣ муроҷиат кардааст.
Олег Дерипаска, миллиардери рус
Олег Дерипаска, миллиардери рус
Тавре аз Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ба мо иттилоъ доданд, воқеан чунин аризаи даъвогӣ аз сӯи ширкати «Созидание» унвонии додгоҳ ворид шудааст. Бино ба гуфтаи масъулони додгоҳи иқтисодии Душанбе, моҳияти даъвои ширкати «Созидание» «беэътибор донистани санадҳо ва амалҳои шахсони мансабдор» аст ва Кумитаи андози Тоҷикистон дар ин мурофиа ба сифати ҷавобгар ширкат хоҳад кард.

Молики аслии меҳмонхонаи Hyаtt Regency Dushanbe- «Русские отели» зерширкати «Базовий элемент», ҳолдинги сармоядори рус Олег Дерипаска аст. Аммо Haytt Regency Dushanbe-ро ширкати дигари наздик ба Дерипаска «Созидание» идора мекунад, ки ба ҷуз аз ин меҳмонхона, як маркази тиҷории дараҷаи «А» низ дорад ва дар он намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ - IFC ва Бонки ҷаҳонӣ мустақаранд.

Меҳмонхонаи Hyаtt Regency Dushanbe сар моҳи марти соли 2009 то ба ҳол фаъол аст ва то ба ҳол дар пешбурди тиҷораташ ба чунин мушкиле дучор нашуда буд. Аз ин рӯ суоли матраҳ ин аст, ки чаро нозирони андоз якбора дар фаъолияти ин меҳмонхона чунин андози ҳангуфти пардохтнашударо ошкор карданд?

Бархе аз коршиносон пайдо шудани мушкил дар пешбурди бизнеси Олег Дерипаскаро ба кашмакашҳои додгоҳии ширкати «Русал»-и ӯ бо корхонаи тавлиди алюминюми Тоҷикистон «Талко» бастагӣ медиҳанд. Ахиран додгоҳи ҳакамии Швейтсария ширкати оффшории CDH Investments Corp -- коршарики собиқи «Талко»-ро ба пардохти 274 миллион доллар қарзу ҷаримаҳо муваззаф карда буд. Ҳукме ки онро «Талко» одилона намешуморад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ин қабил коршиносон, бизнеси Дерипаска дар Тоҷикистон баъди чунин даъвоҳо ва товонҳои ҳангуфти додгоҳи ҳакамии Швейтсария, метавонад дучори мушкил шавад.
Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев
Дар ҳамин ҳол, Зафар Абдуллоев, роҳбари маркази таҳлилии «Контент» мегӯяд, ба мушкил дуҷор шудани бизнеси Дерипаска дар Тоҷикистон бо баҳсҳои додгоҳии «Русал» ва «Талко» алоқаи бевосита дорад: «Дар ин ҷо вобастагии рӯирост мушоҳида мешавад. Намояндагони ширкати «Талко» ба таври кушоду равшан ба «Русал» таҳдид карда буданд, ки агар ин ширкат дар мавриди ҳукми додгоҳи Швейтсария бо онҳо мусолиҳа накунунд, бизнесу ширкатҳои онҳо дар Тоҷикистон дучори мушкил хоҳанд шуд.»

Дар ҳамин ҳол ба иддаои коршиносони дигар, то ба ҳол муносибати мақомоти тоҷик бо дигар ширкатҳои Дерипаска бад набуд. Чунки худи Дерипаска шахси бонуфуз аст ва ба Кремлин наздикӣ дорад. Аммо ба таъкиди ин таҳлилгарон, вақте Тоҷикистон дар фаъолияти ширкатҳо хилофкории андозро ошкор мекунад ба касе гузашт нахоҳад кард.

Олег Дерипаска, молики ширкати «Русал» дар соли 2005 бо бастани як қарордод бо ҳукумати Тоҷикистон ваъдаи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро дода буд. Аммо ба далели сӯитафоҳумҳо бо ҳукумати Тоҷикистон бар сари баландии садди нерӯгоҳи Роғун, Тоҷикистон дар соли 2008 ин қарордодро ба сурати якҷониба лағв кард.

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG