Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ ҷудоиталабро дар Украинаро куштанд


Вазорати умури дохилии Украина мегӯяд, дар амалиёт барои берун рондани ҷудоихоҳон аз шаҳри ноороми Словянск, бештар 5 нафар аз онҳоро куштаанд. Чанд рӯз баъд аз эълони ҳукумат барои оғози амалиёти “зиддитеррористӣ” алайҳи ҷудоихоҳон дар шарқи Украина, нерӯҳои амниятӣ рӯзи 24 апрел ба шаҳри Словянск юриш бурданд. Ба гуфтаи хабарнигорон, чанд мошини зиреҳпӯши артиши Украина баъди ба оташ кашидани посгоҳи ҷудоихоҳон дар наздикии шаҳри Словянск ба самти ин шаҳр ҳаракат карданд. Пешвоёнашон аз ҷудоихоҳони бесилоҳ дар бинои ҳукумати шаҳри Словянск хостаанд, ки қароргоҳи ҳукуматро холӣ кунанд. Ҳукумати Украина рӯзи 24-уми апрел аз пешрафт дар амалиёт бар зидди ҷудоихоҳони тарафдори Русия хабар дод. Ба гуфтаи мақомоти Киев, нерӯҳои Украина қароргоҳи ҳукумати шаҳри Мариупол дар соҳили Баҳри Сиёҳро пас гирифтанд.
XS
SM
MD
LG