Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "Вазъи мардуми Сурия риққатбор аст"


Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, гуфт, бо вуҷуди талаби Созмони Милал дар ду моҳи пеш ҳанӯз ҳам миллионҳо нафар мардуми Сурия аз кӯмакҳои хайрияи хориҷӣ маҳруманд. Дар гузорише дар рӯзи 23-уми апрел Бан Ки Мун гуфтааст, ки 3 миллиону 500 ҳазор аз мардуми Сурия ба хадамоти муносибу маводи аввалияи лозим ва табобат дастрасӣ надоранд. Дар ин гузориш тамоми тарафҳои муноқиша дар Сурия, бахусус ҳукумати раиси ҷумҳур Башор Асадро дар ин маҳрумиятҳои мардум гунаҳкор донистаанд. Бино ба гузориши Бан Ки Мун, ҳарчанд бар асоси қатъномаи Шӯрои Амният бояд ба маъмурони имдодӣ иҷозаи вуруд ба маҳаллаҳои зисти мардуми мӯҳтоҷ дода шавад, аммо ҳам шӯришиён ва ҳам нерӯҳои ҳукуматӣ ба ин кор иҷоза намедиҳанд. Ба гуфтаи Созмони Милал, дар шаҳри ҷангзадаи Ҳалаби Сурия барои 2 миллиону 500 ҳазор нафар танҳо 40 табиб хидмат мекунанд.
XS
SM
MD
LG