Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров гуфт, созиши Украинаро иҷро мекунанд


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфт, ки умедвор аст, созиши Женева дар бораи фурӯ нишондани бӯҳрон дар Украина, “дар ояндаи наздик бо иқдомоти амалӣ иҷро мешавад.” Бар асоси созиши ҳосилшуда миёни Украина, Русия, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дар рӯзи 18-уми апрел бояд гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар Украина халъи силоҳ шаванд ва ҷудоихоҳони Русиягаро идораҳои ҳукуматии ишғолкардаашон дар шаҳрҳои шарқии Украинаро холӣ кунанд. Сергей Лавров рӯзи 24-уми апрел дар Донишгоҳи давлатии равобити байналмилалии Маскав Амрикову Иттиҳодияи Аврупоро ба он муттаҳам кард, ки саъй карданд, бо барканории раиси ҷумҳур Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина “инқилоби ғайриқонунии ранга” анҷом бидиҳанд. Ӯ гуфт, дар бозиҳои геополитикӣ алайҳи Русия Украинаро ба ҳайси “пиёда дар тахтаи шоҳмот” ба кор бурдаанд. Пештар аз ин баёнияи Сергей Лавров, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, Русия тавофуқоти шаҳри Женева барои фурӯ нишондани бӯҳрон дар Украинаро иҷро намекунад. Зимни суханронӣ дар шаҳри Токио Барак Обама гуфт, агар Русия созишро иҷро накунад, Иёлоти Муттаҳида таҳримот алайҳи он кишварро афзоиш хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG