Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як афсари афғон се амрикоиро куштааст


Як афсари пулиси афғон бо тирандозӣ дар шифохонаи байналмилалие дар Кобул, пойтахти Афғонистон се амрикоиро куштааст. Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Кобул гуфт, ки ҳамла рӯзи 24-апрел дар шифохонаи байналмилалии CURE рух додааст, ки ба як созмони хайрияи имдодии амрикоӣ тааллуқ дорад. Дар тирандозӣ як табиби амрикоӣ ҳалок шудаааст. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки афсари пулис ҳангоми вуруди хориҷиён ба шифохона ба сӯи онҳо тир андохтааст ва афсари дигар фарди тирандозро маҷрӯҳ кардааст. Сабабҳои тирандозӣ маълум нест. Афсари тирандоз дастгир шудааст.
XS
SM
MD
LG