Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабирӣ: "Ҳеҷ гоҳ аз ваколати депутатиам сӯистифода накардаам"


Муҳиддин Кабирӣ мақолаҳои дар нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон алайҳаш нашршударо ба таъқиботи солҳои 30-юми Шӯравӣ монанд медонад, ки баъдан таъқибшавандаро ё ҳукми қатл медоданд ё бадарға мекарданд.

Рӯзномаи «Ҷумҳурият», нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон таҳти унвони «Кабирӣ ва роҳи хатарноки ӯ» доир ба баҳси бозори «Саховат» дар Турсунзода пардохта, моликияти ӯро баршумурдааст. Аммо Муҳиддин Кабирӣ ин навиштаҳоро «ҳамлаи таблиғотӣ» алайҳи худаш арзёбӣ кард ва гуфт, фаъолияти тиҷоратияшро қабл аз фаъолияти сиёсиаш созмон дода буд.

Нашрияи «Ҷумҳурият» дар шумораи рӯзи 22-уми апрели худ бо нашри ин мақола алайҳи Муҳиддин Кабирӣ менависад, ки «мақомоти додгоҳӣ дар шаҳри Турсунзода бо кушодани сари «кӯргиреҳ»-и бозори «Саховат»-и марбут ба хонаводаи Муҳиддин Кабирӣ, мақоли «мулло гирифтани молро медонаду ақли додани онро надорад»-ро мемонад.

«Ҷумҳурият» дар идомаи ин навишта, ки бо қалами сарадвокати собиқи бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзода Примқул Облоқулов тааллуқ дорад, менависад, ки Кабирӣ дар мавриди соҳиб шудан ба моликият аз масунияти вакилиаш сӯиистифода кардааст. Дар ин мақола гуфта мешавад Муҳиддин Кабирӣ бо иқтибос ба номаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ба «Азия-плюс» 5-уми апрел, ин КДАМ-ро барои бозсанҷӣ (тафтиш) қарор гирифтани моликияташ «сангпартоӣ» мекунад. «Ҷумҳурият» зикр кардааст, ки Кабирӣ бо номнавис кардани моликияти худ ба номи наздикону хешовандонаш ҳаҷму миқдори моликияти худро камтар нишон додааст.

Дар ҳамин ҳол Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили порлумони Тоҷикистон дар иртибот ба ин навишта гуфт, ки тайи чанд муддате, ки дар «Ҷумҳурият», «Садои мардум» чанд мақола ба нашр расид, вале вай вокунише нишон надодааст. Вай афзуд, ки акнун мехоҳад дар иртибот ба ин «ҳамлаҳо» таъкид кунад, ки дар ин мақолаи «Ҷумҳурият» чанд нуктаи дурӯғ вуҷуд дорад ва буҳтонбарангез мебошад: «Гӯё ман 83 маротиба сафари хориҷӣ карда бошам ва 245 рӯз дар беруни Тоҷикистон будаам ин дурӯғи маҳз аст, албатта ман серсафар ҳастам, вале дар моҳ ду се маротиба сафар мекунам, ки дар сол шояд 35-36 сафар бошад.»

Дар мақолаи «Ҷумҳурият» номгӯи моликияти Кабирӣ зикр шудааст, ки аз ҷумла ба ширкатҳои сохтмонии «Бинокор-сервис», «Сомониён-3» дар ноҳияи Файзобод, «Боркаш» дар ноҳияи Рӯдакӣ, «УПТК ПТСО Монолитстрой» дар шаҳри Ваҳдат ишора шудааст.

Нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон - «Ҷумҳурият» бо зикри бозори «Саховат», ки ба номи ҳамсараш Мастура Раҳматулоева номнавис шудааст ва додгоҳи Турсунзода онро дар мурофиаи 21-уми апрел аз Кабирӣ гирифта ба моликияти давлатӣ ҳамроҳ карда буд, таъкид мекунад, ки моликияти зиёдро Муҳиддин Кабирӣ бо истифода аз ваколати вакилияш дар даст нигоҳ медоштааст.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ дар иртибот ба ин паҳлуи масъала гуфт, ки ин моликиятро қабл аз аз ин, ки раиси Ҳизби наҳзат шуда бошад ва ё дар курсии Маҷлиси намояндагон нишаста бошад, дар даст дошт ва қонунҳои Тоҷикистон инро манъ накардаанд: «Бигзор ҳамаи санадҳои ин ширкатҳоро санҷанд ва бубинанд, ки қабл аз фаъолияти сиёсиам ман ин ширкатҳоро созмон додаам ва мегӯям, ки қабл аз ин ки ба сиёсат даст занам ба тиҷорат машғул будам, агар муборизаи сиёсӣ бурданӣ бошанд, муборизаи ҷавонмардона баранд.»

Раиси ҲНИТ афзуд, ҳанӯз қонунҳои ҷории Тоҷикистон ба соҳибкорӣ машғул шудани вазир ва ё вакилро манъ мекунад, вале соҳибмулк будани онро манъ накардааст: «Дар ин мақолаи «Ҷумҳурият» бисёр дурӯғ оварда шудааст ва ин ҳамлаҳои таблиғотӣ беҳад беинсофона ва бо тӯҳмат сурат гирифта истодааст. Ман ҳеҷгоҳ аз ваколати депутатиам сӯистифода накардаам, агар додгоҳи Турсунзода барои баёнот додан даъват намекард, ман ба онҷо намерафтам.»

Чунин ба назар мерасад, ки қабл аз санҷиши моликияти соҳибкори шинохта Зайд Саидов низ дар нашрияҳои ба истилоҳ рӯзномаҳо ва расонаҳои ҳукуматӣ алайҳи вай мақолаҳо ба чоп расида буданд. Аз ҷаноби Кабирӣ пурсидем, ки оё шумо аз ин «сенария» бим надоред, ки бо шумо низ чунин «рафтор» сурат гирад? Муҳиддин Кабирӣ дар посух бо ёдоварӣ аз таъқиботи солҳои 30-юми Шӯравӣ гуфт, ки вақте дар нашрияҳои марказии он замон алайҳи нафаре мақолае ба чоп мерасид, ҳатман хешовандонашон бо вай худоҳофизӣ мекарданд ва худоияшоро медоданд, ки ё парронда мешуд ва ё бадарға карда мешавад.

«Қабл аз он ки як нафарро мавриди таъқиб қарор диҳанд аввал дар нашрияҳо чеҳраи ӯро муаррифӣ намуда нишон доданӣ мешуданд, ки ин нафар барои ҷомеа хатарнок аст имрӯз низ мутаассифона ҳарчанд дар як давлатӣ ҳуқуқбунёд ва демократӣ ба сар мебарем, вале баъзеҳо бо «методика»-и даврони солҳои 30- юм роҳбарӣ мекунанд, ки барои ҷомеаи имрӯзи мо беҳад хатарнок аст", гуфт Муҳиддин Кабирӣ.

ВИДЕОИ БОЗОРИ "САХОВАТ" ВА МУҲИДДИН КАБИРӢ ҚАБЛ АЗ ҲУКМИ ДОДГОҲ НИСБАТИ ИН БОЗОР.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG