Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров мегӯяд, Русия "ором наменишинад"


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ҳушдор дод, ки агар ба манофеъи кишвараш дар Украина таҳдид сурат бигирад, Маскав ором наменишинад. Ӯ дар сӯҳбат бо телевизиони давлатии инглисизабони Русия гуфт: “Агар ба мо ҳамла кунанд, мо албатта посух медиҳем. Агар ба манофеъи мо, манофеъи қонунии мо, манофъи русҳо мустақиман ҳамла сурат бигирад, мисли онки дар Осетияи Ҷанубӣ шуд, барои мо ҳеҷ роҳе ба ғайр аз посух додан бар тибқи қонунҳои байналмилалӣ вуҷуд надорад. Ҳамла ба шаҳрвандони Русия ҳамла бар зидди Русия аст."
Пештар аз ин баёнияи Сергей Лавров, Олександр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Украина амр дод, ки амалиёти ба гуфтаи ӯ, зиддитеррористӣ алайҳи ошӯбгарони тарафдори Русия дар шарқи Украина аз сар гирифта шавад. Олександр Турчинов амри худро ба пайдо кардани ду ҷасаде бо осори шиканҷа дар назди шаҳри Словянск иртибот дод, ки таҳти контроли ҷудоихоҳони Русиягаро аст. Яке аз ин афрод, узви ҳизби Олександр Турчинов будааст.
XS
SM
MD
LG