Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни нав барои блогнависҳои рус


Думаи давлатии Русия қабули қонуни нави блогнависҳоро чун чораи мубориза бо терроризм зарур медонад.

Шӯрои ҳуқуқи инсони Русия аз раҳбари Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко хостааст, ки тарҳи қонун дар бораи блогнависҳоро рад кунад. Дар номаи раиси ин шӯро Михаил Федотов гуфта мешавад, ки қонун посухгӯи воқеиятҳои имрӯзаи шабакаи ҷаҳонии Интернет нест ва дар баъзе мавридҳо бо “табиати ҳуқуқиву фаннии Интернет” дар ихтилоф аст.


Рӯзи 22 апрел палатаи поёнии парлумони Русия тарҳи қонуни навро, ки ба қавли вакилон, "як бахши қонунҳои зиддитеррористист”. Ин тарҳ табодули иттилоъро дар Интернет дар назар гирифта, ҳамчунин блогнависҳоро бо матбуот дар як сатҳ қарор медиҳад. Аз рӯи ин тарҳ, муаллифони сайтҳои интернетӣ ё саҳифаҳои хусусӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки шумори корбаронашон дар як шабонарӯз аз 3000 нафар зиёд аст, муваззаф мешаванд, ки қонунҳои матбуотро дар робита бо таблиғоти пешазинтихоботӣ, муқобила бо тандгаронӣ риоя карда, дурустии иттилои паҳншавандаро бисанҷанд, маълумотро аз ҳаёти шахсии шаҳрвандон пахш накунанд ва синну соли корбаронро ҳам маҳдуд кунанд.


Ҳамчунин, тибқи ин тарҳ, афроди ҷудогона ва шахсиятҳои ҳуқуқӣ бояд сохтори Роскомнадзорро аз оғози пахши иттилоъ дар Интернет бохабар кунанд ва дар интернет дар давоми ним сол маълумотро ҳифз кунанд. Александр Жаров, раиси Роскомнадзор аллакай гуфтааст, ки сохтори вай ният надорад, ки қонуни нави блогнависҳоро барои пахши дигарандешон истифода кунад.

Русия дар аҳди президент Владимир Путин фишорро болои матбуоти мустақил, созмонҳои ҷамъияиии мунаққиди давлат афзоиш дода, ҳамчунин блогнависҳои маъруф ва бонуфузро саркӯб кардааст. Нақши блогнависҳо дар ҷомеаи Русия вақтҳои охир хеле бориз шуда, дар мубориза бо тасмимҳои баҳсбарангези ҳукумат, саркӯби озодиву демократия нақши муҳиме мебозанд.
XS
SM
MD
LG