Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади фармондеҳ Исматуллоҳ то ҳол ошкор нашудааст


Яке аз фармондеҳи муҷоҳидини афғон, ки замони таҷовузи шӯравӣ шӯҳрати зиёд касб карда буд, дар канори манзилаш дар вилояти Лугар, воқеъ дар шарқи Афғонистон, ҳадафи тир қарор гирифт. Мақомоти маҳаллӣ рӯзи сешанбе, 22 апрел, хабар доданд, ки сӯиқасд ба ҷони фармондеҳ Исматуллоҳ рӯзи душанбе сурат гирифтааст. Исматуллоҳ нозири интихоботии тими номзад ба мақоми президентӣ Абдулраб Расули Сайёф буд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе бар дӯш нагирифтааст.

Гуфта мешавад, баъди куштор ҷасади Исматуллоҳ, ки мардум ӯро Муаллими Тор ҳам ном мебурданд, рабуда шуда ва то ҳол пайдо нашудааст.

Ба иттилои Радиои Афғонистони Озод, Исматуллоҳ душманони зиёд дошт, ки ӯро аз ҷумла, дар даст доштан дар куштори писари яке аз афроди маъруфи минтақа айбдор мекарданд.
XS
SM
MD
LG