Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Ҷо Байден ба Киев поён ёфт


Ҷо Байден, нойиби раисиҷумҳури ИМА, ваъда дод, ки Амрико аз Украина дар муборизааш барои фардои беҳтар пуштибонӣ хоҳад кард. Ӯ рӯзи сешанбе, 22 апрел, баъд аз музокирот бо нахуствазири Украина Арсений Ятсенюк дар Киев гуфт, нерӯҳое ҳастанд, ки мехоҳанд Украинаро пора-пора кунанд, вале Украина бояд якпорча боқӣ монад. Ҷо Байден афзуд, замони он расидааст, ки Русия ӯҳдадориҳои дар нишасти Женева гирифтаашро иҷро кунад ва ба бӯҳрон дар манотиқи шарқии Украина хотима гузорад.

Арсений Ятсенюк, дар навбати худ, гуфт, ки Киев ба ҳеҷ ваҷҳ ба тасарруфи Қрим аз сӯи Русия тан нахоҳад дод.

Ҷо Байден рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо вакилони Верховная Рада интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 25 майро “муҳимтарин раъйдиҳӣ дар таърихи Украина” номид. Муовини раисиҷумҳури Амрико, ки ба хотири намоиши пуштибонии Вошингтон аз Киев дар низоъ бо Русия вориди Украина шудааст, бо кафили раёсатҷумҳурии Украина Александр Турчинов ҳам мулоқот кард.

Сафари нойиби раисиҷумҳури ИМА ба Киев анҷом ёфт. Ӯ қабл аз бозгашт аз бемористони ибодатгоҳи Михаили Муқаддас дидан кард, ки он ҷо қаблан фаъолони зиёди Майдон панаҳ бурда буданд
XS
SM
MD
LG