Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии Зайд Саидов дар додгоҳи таҷдиди назар


Соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов рӯзи 22 апрел зимни баррасии шикояташ 26 сол ҳукми зиндонашро ноодилона хонда, хостори бознигарии ин ҳукми Додгоҳи олӣ шудааст. Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони Зайд Саидов ба Радиои Озодӣ гуфт, баррасии шикояти ӯ аз ҳукми Додгоҳи олӣ дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ сурат гирифтааст. Зайд Саидов дар оғози ин мурофиа суханронӣ карда, гуфтааст, ӯро бидуни ягон далели қотеъ ба 26 соли зиндон маҳкум кардаанд. Ба гуфтаи Қудратов, суханронии Зайд Саидов дар додгоҳ рӯзи панҷшанбе, 24 апрел низ идома хоҳад ёфт.
Қаблан ҳам Зайд Саидов боздошти ҳукми сангинашро сиёсӣ хонда гуфта буд, ба давлату миллат хиёнате накардааст. Вазири собиқи саноати Тоҷикистон рӯзи 19 майи соли 2013, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав дастгир шуд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 декабр Зайд Саидовро бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - «таҷовуз ба номус», «бисёрзанӣ», «қаллобӣ» ва «ришваситонӣ» ба 26 соли зиндон маҳкум кард. Бар асоси ҳукми Додгоҳи олӣ, аз моҳи март ба ин тараф дастикам 6 корхонаву ширкати марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ ба фоидаи давлат мусодира карда шуд.
XS
SM
MD
LG