Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниҳодҳои қудратии Русия аз сафар ба хориҷа маҳрум шуданд


Кормандони ниҳодҳои қудратии Русия муваққатан аз ҳаққи сафар ба хориҷи кишвар маҳрум шуданд. Рӯзномаи “Известия”, чопи Маскав, рӯзи сешанбе, 22 апрел, навишт, ки ин амр ба кормандони вазорати умури дохила, Хадамоти федеролии муҳоҷират, Хадамоти федеролии назорати гардиши маводи мухаддир, Хадамоти федеролии адои ҷазо ва қисман низомиёни вазорати дифоъ дахл дорад. Ин хабар аз сӯи мақомоти расмии Русия то ҳол таъид нашудааст.

LifeNews навиштааст, ки тибқи фармони вазири умури дохилаи Русия Владимир Колоколтсев шурӯъ аз рӯзи 21 апрел на фақат раҳбарони бахшҳои ҷудогона, балки ҳатто кормандони қатории милиса ҳаққи аз кишвар берун рафтанро надоранд. Ин амр то кай боқӣ хоҳад монд, маълум нест. Life News рӯйхати таҳиякардаи вазорати умури дохилиро дастрас намудааст, ки бар пояи он кормандони милиса ҳақ надоранд то ба 150 кишвар, аз ҷумла, ба Туркия, Булғористон, Бритониё, ИМА, Ҷопон, Мексика, Италия, Миср, Испания, Чехия ва Куба сафар кунанд.
XS
SM
MD
LG