Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни "Севол" ба 104 нафар расид


Мақомоти Кореяи ҷанубӣ рӯзи сешанбе, 22 апрел, ҳалокати 104 нафар бар асари ғарқшавии киштии мусофирбари "Севол"-ро таъид карданд. Сарнавишти тақрибан 200 нафари дигар номаълум боқӣ мемонад. 174 кас, аз ҷумла, капитани киштӣ ва ҳамаи маллоҳон наҷот ёфтанд. Гуфта мешавад, бештари мусофирон – толибилмони яке аз мактабҳои кишвар буданд, ки барои тамошо ба ҷазираи Чеҷу мерафтанд.

Капитани киштӣ ва шаш маллоҳ, ки дар беэътиноӣ ва дигар ҷурмҳо айбдор мешаванд, боздошт шудаанд. Раисиҷумҳури Кореяи ҷанубӣ Пак Кин Хе рӯзи душанбе бархӯрди сарнишинҳои киштӣ ба мусофирон замони рӯй додани ҳодисаро бо куштор баробар донист.
XS
SM
MD
LG