Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ИМА аз истифодаи маводи кимиёвӣ дар Сурия


ИМА иттилоъ дар бораи истифодаи дубораи силоҳи кимиёвӣ дар Сурияро тафтиш мекунад. Дар ин бора рӯзи сешанбе сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико Ҷен Псакӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ИМА дар бораи истифодаи маводи кимиёвӣ дар шаҳри Кфар-Зайта, ки аз сӯи мухолифини мусаллаҳ назорат мешавад, иттилоъ дарёфт кардааст. Хонум Псакӣ ҳадс зад, ки шояд гап сари пошидани маводи хлор меравад ва, ба гуфтаи Вошингтон, масъулияти истифодааш бар дӯши ҳукумати Димишқ аст.

Ба иттилои мухолифини ҳукумати Сурия, маводи заҳрнок рӯзҳои 11 ва 12 апрел аз чархболҳо болои шаҳри Кфар-Зайта пошида шудааст. Аммо фиристдаи вижаи ИМА жар СММ Саманта Пауэр ин иттилоъро таъид накард.

Ба гуфтаи Ҷен Псакӣ, хлор дар феҳристи захираи маводи кимиёвие нест, ки бар пояи созиш бояд ҳатман нобуд карда шавад. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи хонум Псакӣ, ИМА ба ҳама иттиҳоми истифодаи маводи кимиёвӣ бархӯрди ҷиддӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG