Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден вориди шаҳри Киев шуд


Ҷо Байден
Ҷо Байден
Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико вориди шаҳри Киев-пойтахти Украина шуд. Қарор аст вай бо раҳбарони Украина мулоқот анҷом диҳад. Боздиди Байден дар ҳоле анҷом мегирад, ки байни Русияву Украина баъд аз як тирандозии марговар бӯҳрон пеш омадааст.

Боздиди Байден аз Украина ду рӯз идома меёбад ва вай дар ин муддат бо Олександр Турчинов-кафили раёсати ҷумҳурӣ, Арсений Ятсенюк-нахуствазир ва аъзои порламон мулоқот мекунад. Ин мулоқотҳо барои 22 апрел барномарезӣ шудаанд.

Кохи Сафеди Амрико мегӯяд, Байден талошҳои маҳофили байналмиллалиро барои таъмини субот дар иқтисод, масъалаҳои энержӣ ва масъалаи нируҳои ҷудоихоҳ дар шарқи Украинаро баррасӣ мекунад.

Русия ва Украина якдигарро масъули як тирандозӣ дар шаҳри Славянск медонанд, ки 20 апрел рух дода буд. Дар ин тирандозӣ, ки дар наздикии як посгоҳи ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия рух дод, се нафар ба қатл расиданд.
XS
SM
MD
LG