Бо ибтикори як гурӯҳи донишмандони забоншиноси тоҷику афғон ва эронӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет сомонаи наве бо номи “Порсӣ анҷуман” дар нишонии http://parsianjoman.ir/cyr/ фаъол шудааст. Ин сомона, ки 21 апрел, дар рӯзи бузургдошти Саъдии Шерозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аз нахустин сомонаҳо бо ҳуруфи сирилик аст, ки ба масоили хештаншиносии миллатҳои форсизабон ва масоили забони форсӣ итисос хоҳад ёфт. Бунёдгузориши сомона Парвизи Шоҳчароғӣ буда, сардабирии онро Масъуди Луқмон аз Донишгоҳи Таботабоии Эрон ва масъулияти бахши сириликашро хабарнигори тоҷик Маҳини Даврон бар ӯҳда доранд.
Дар бахши "Дар бораи мо"-и торнамо аз ҷумла гуфта мешавад: "Дар рӯзгоре, ки забони порсӣ – ин ягона ва беҳамтои ҳастӣ ва хештаншиносии эронӣ дастхуши газандҳо ва номардиҳои фаровоне шудааст. Ин анҷуман ба дур аз ҳар андеша ва куниши сиёсиву ойинӣ, дасти дӯстии ҳар дӯстдори забони порсиро мефишораду умедвор аст, то бо ҳамкории якояки ононе, ки ба ин забони шаҳройиниву фарҳангу ҳунари эронӣ арҷ мениҳанду бад-он дилбастагӣ доранд, гоме ҳарчанд андак, дар борварӣ ва пӯёии ин забони куҳан бардорад.”