Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдорӣ ба собиқадорони ҷанг кӯмаки молӣ мекунад


Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамсарони ҷанговарони ҳалокшуда, ки дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, дар остонаи 69-умин солгарди ҷашни Ғалаба 900 сомонӣ баробар бо 187 доллар кӯмак дарёфт хоҳанд кард. Дар ин бора сухангӯи шаҳрдорӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.

Бино ба ин хабар, кормандони ақибгоҳ ва сокинони дар муҳосира будаи Ленинград, ҷанговарони интернатсионалист ва ононе, ки дар рафъи оқибатҳои сонеҳи Чернобил ширкат доштаанд, 650 сомонӣ баробар бо 135 доллар мегиранд. Шаҳрдорӣ мегӯяд, ба ин гурӯҳ хонаводаҳои ононе низ дохил мешаванд, ки дар солҳои 1992-1997 ҳангоми барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ ҷон додаанд.

Барои чунин пардохтҳо аз будҷаи шаҳрдорӣ 714 ҳазор сомонӣ баробар бо 148 ҳазор доллар ихтисос дода шудааст. Бино ба маълумоти мавҷуда, ҳоло дар пойтахт бештар аз сад нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд. Шумораи онҳо дар саросари Тоҷикистон бештар аз ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG