Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дарёфти шаҳрвандиро соддатар кард


Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия қонунеро имзо кард, ки акнун бар асоси он дарёфти шаҳрвандии ин кишвар барои одамони русзабони кишварҳои Шӯравии пешин ва ҳамчунин муҳоҷирони корӣ соддатар хоҳад шуд.

Хабаргузории ИТАР-ТАСС навиштааст, “ҳар шахсе, ки русӣ сӯҳбат мекунад ва мунтазам дар Русия зиндагӣ дорад ва ё хешовандонаш дар Русия зиндагӣ мекунанд, ба шумули қаламрави Шӯравии пешин” метавонад шаҳрвандии Русияро ба даст орад. Дар қонун омадааст, ки нсбат ба гузашта акнун тарзи гирифтани шаҳрвандӣ соддатар ва зуддат хоҳад шуд.

Қонуни дигаре, ки Путин дар он имзо гузоштааст ба дарёфти шаҳрвандӣ барои муҳоҷирони кории кишварҳои Шӯравии пешин таъаллуқ дорад ва ҳар муҳоҷир, ки забони русиро медонад ва бо қонунҳову расму русуми ин кишвар ошност шаҳрвандӣ гирифта метавонад.

Кумиссиюни вижа дар ин бора муҳоҷирони кориро имтиҳон хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG