Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия контрол бар Қримро ташдид мебахшад


Русия ва Владимир Путин-раиси ҷумҳури он барои ташдиди контроли Русия бар Қрим қадамҳои нав бардоштаанд. Қрим бо нақзи қонунҳои байналмиллалӣ ахиран ба контроли Русия даромада буд.

21 апрел Бонки Марказии Русия дастур дод, ки фаъолияти 4 бонки украинӣ дар қаламрави Қрим боздошта шавад. Ин дастур ба бахшҳои Приват бонки Украина, бонки саҳомӣ, Киевска Рус ва Имексбонк таъаллуқ дорад. Ҳамчунин 21 апрел Путин қонунеро дар бораи ҳимоят аз қарзҳои бонкии Қрим “дар давраи гузор” имзо кард.

Путин ҳамчунин муовини фармондеҳи нируҳои дарёии Русия дар Баҳри Сиёҳро таин намуд. Ба ин мақом Денис Березовский-фармондеҳи пешини нируҳои дарёии баргузида шуд.
XS
SM
MD
LG