Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи сохтмони роҳи оҳани "Душанбе - Ваҳдат - Ёвон" пас аз 15 рӯз


Сохтмони роҳи оҳани «Душанбе-Ваҳдат-Ёвон» пас аз 15 рӯзи таваққуф дубора оғоз шудааст. Абдулазизи Гулаҳмадов, сардори Раёсати сохтмон ва коммуникатсияи идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон рӯзи 21-уми апрел бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Ёвон бинобар боришоти зиёд тайи 15 рӯзи ахир мутаваққиф шуда буд, дубора корҳо ҳамҷониба аз сар гирифта шуд. Вай гуфт, ки азбаски боришоти зиёд ва ҷамъ шудани лою гил, ба хотири ҳифзи техникаҳо 15 рӯз аз идомаи фаъолияти ин сохтмони худдорӣ карда шуд. Ба гуфтаи ин масъули идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон, ҳоло мутахассисони як ширкати чинӣ барои бунёди тунел, ки ба хотири кашидани роҳи оҳан сохта хоҳад шуд, таҳқиқоти геологиро оғоз карданд. Теппае, ки дар он хати роҳ бурда мешавад, 2340 метр тул дошта, дар ҷамоати Султонобод деҳаи «Муллоэш» ва аз тарафи Ёвон «Тутбулоқ» ном дорад. Абдулазизи Гулаҳмадов гуфт, ки ҳоло ба хотири ҳамаҷониба пеш бурдани сохтмон, ситод таъсис додаанд.
XS
SM
MD
LG