Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум дар ҳаққи Украина дуо кард


Попи Рум Франсис дар маросими ниёиш дар рӯзи таҷлили Иди Фусҳо дар Ватикан дуо кард, ки хушунат дар Украина ба поён бирасад. Ӯ аз Худо хост, “ба ташаббусҳое, ки дар Украина сулҳ меоварад, нуру илҳом бубахшад.” Пешвои католикҳои ҷаҳон ҳамчунин зимни ниёиш барои истиқрори сулҳу субот дар саросари ҷаҳон дуо кард ва аз 150 ҳазор нафар, ки дар майдони Пётри муқаддас дар Ватикан барои шунидани ӯ омада буданд, хост, барои онҳое, ки дар ҷангҳои Сурия, Нигерия, Ироқ, Судони Ҷанубӣ дармондаанд ва барои сулҳ миёни фаластиниёну Исроил дуо кунанд. Попи Рум гуфт, “Аз ту Худованд мехоҳем, ки ба ҳар ҷангу муноқиша, чӣ бузург ва чӣ хурд, чӣ бостонӣ ва чӣ нав хотима бубахшӣ.”
XS
SM
MD
LG