Бар асоси натиҷаҳои тозаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, Абдулло Абдулло, вазири собиқи умури хориҷӣ, 44,4 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда ва ҳамчунон пешсафи интихобот аст. Ашраф Ғанӣ рақиби ӯ 33,2 дар сади ороро касб кардааст, ки 11 дар сад аз орои доктор Абдулло камтар аст. Кумиссиёни мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи 20-уми апрел гуфт, ки 50 дар сади орои интихоботи рӯзи 5 апрелро ҳисоб кардааст ва натиҷаҳои ниҳоӣ дертар эълон мешаванд.